Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ёддошти тафоҳуми ҳамкории сеҷонибаи байни масъӯлони минтақаи озоди иқтисодии Кулоб, ширкати русии “ "Преноли"” ва ширкати « Растани Инно” дар ростои эҷоди корхонаи тавлиди гиёҳони доруӣ ва оби мева имзо шуд .
Ин санад дар дидору гуфтугӯи Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон ва Дметрий Волвач, муовини вазири тавсеаи иқтисодии Русия дар Душанбе имзо шуд.
Дар ин нишаст мавзӯъоти густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва сармоягузорӣ аз тариқи созмондиҳии гуфтугӯи озоди байни туҷҷору сармоягузорон ва дар ин замина ёфтани роҳҳои ҷадиди кор дар ростои сармоягузории муштарак мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт .
Ҳамчунин намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистону Русия дар мавриди имкони ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ гуфтугӯ карданд.
342/